Лоиҳаи «Ташаббус оид ба рушди агробизнеси ҷавонон ва таъмини воситаҳои зиндагӣ дар деҳоти Тоҷикистон»

Дар ноҳияи Рашт дар доираи Лоиҳаи «Ташаббус оид ба рушди агробизнеси ҷавонон ва таъмини воситаҳои зиндагӣ дар деҳоти Тоҷикистон» бо дастгирии The Stirling Foundation ва Ташкилоти ҷамъиятии «Обру» тренингҳои серӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои соҳибкорӣ» баргузор гардиданд.
Ҳадафи тренингҳо рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва дастгирии амалии намояндагони соҳибкории хурд дар соҳаи агробизнес буд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён оид ба банақшагирии бизнес, маркетинг, саводнокии молиявӣ, идоракунии даромаду хароҷот ва истифодаи самараноки захираҳо донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ гирифтанд.
Инчунин, ба масъалаҳои рушди агробизнес, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, ҷустуҷӯи бозорҳои нави фурӯш ва таҳияи стратегияҳои самараноки маркетингӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тренингҳо барои таҳкими иқтидори соҳибкории иштирокчиён, рушди ташаббусҳои нави бизнес ва фароҳам овардани манбаъҳои устувори даромад мусоидат намуда, ба рушди соҳибкории хурд ва агробизнес дар минтақаҳо саҳм мегузоранд.