Дар бораи Мо

Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 декабри соли 2018 дар доираи татбиқи барномаҳо ва ислоҳотҳои иқтисодӣ дар кишвари азизамон таъсис дода шудааст.
Муассисаи мазкур дар доираи салоҳиятҳои оинномавии худ баҳри дастгирии методӣ, машваратии соҳибкорони навтаъсис фаъолият намуда, бо назардошти таҷрибаи бизнес - инкубаторҳои кишварҳои мутамаддин  фаъолияти худро дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ амалӣ менамояд.
Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд.
- омўзиши маърифати соҳибкорӣ;
- роҳнамоӣ ҷиҳати таҳияи бизнес –планҳо;
- баргузории курсҳои интенсивии «аз нақша ба амал»
- омўзиши роҳҳои дарёфти сармоя;
- машваратҳои соҳибкорӣ, ҳуқуқӣ, маркетингӣ ва ғайраҳо.

Фаъолияти соҳибкории худро бо мо рушд диҳед!

Коворкинг
Коворкинг дар МД "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" ин ҷойест, ки одамонро ба ҳам муттаҳид мекунад. Шиносоии нав, робитаҳои муфид, эҷодиёти муштарак ва ҳатто ҳамкорӣ - шумо ин ва дигар имкониятҳоро метавонед дар коворкинги мо пайдо намоед.
Толори конфронс
Толори маҷлисгоҳи МД "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" ин маҷмааи муосир барои баргузории семинарҳо, гуфтушунидҳои корӣ, ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои тиҷорӣ мебошад.

Махсулотхо

Менторҳо


Дастгири хам касби ва хам ахлоки мебошад, зеро сарпараст на танхо ментор, балки дусти хакикист

Муффасал

Шарикон

Тамос

Шахри Худжанд, квартали 20, хонаи 35
Шахри Душанбе, кучаи. Техрон 21
Шахри Хорог, кучаи. Ленин, 26
Шахри Бохтар, кучаи. Садриддин Айни, 34
Шахри Кулоб, кучаи. Исмоили Сомони,34
map-BI-flags3