Ба мундариҷа гузаштан
ш. Душанбе, к. Теҳрон 21 Дш–Шб, 8:00–18:00

Ҳар он чи ба соҳибкорӣ лозим аст — дар як ҷо

Шаш самти дастгирӣ. Резидентҳо онҳоро якҷоя мегиранд, ширкатҳои дигар — бо дархост.

Тренингҳо ва семинарҳо

Омӯзишҳо ва семинарҳои амалӣ: малакаҳои соҳибкорӣ ва идоракунӣ, кор бо технологияҳои муосир.

Таҳияи нақшаи тиҷоратӣ

Кӯмак дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ва муайян кардани роҳҳои рушди фаъолият.

Машваратҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ

Машварат оид ба бақайдгирии соҳибкорӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва андозбандӣ.

Дастгирии маркетинг

Кӯмак дар муаррифии маҳсулот ва хизматрасониҳо, ҷалби мизоҷон ва рушди бозор.

Дастрасӣ ба маблағгузорӣ

Мусоидат дар ҷалби грантҳо, сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ.

Роҳнамоӣ

Дастгирии инфиродӣ аз ҷониби мутахассисон ва соҳибкорони ботаҷриба — барои рушди лоиҳа ва фаъолият.

Коворкинг ва инфрасохтор

Ҷойҳои корӣ ва шароити мусоид барои соҳибкорон ва стартапҳо дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳо.

Як хизматрасонӣ лозим аст ё тамоми маҷмӯа?

Резидентҳо ҳамаи шаш самтро якбора мегиранд. Барои ширкатҳои дигар хизматрасониҳо бо дархост дастрасанд.