Ба мундариҷа гузаштан
ш. Душанбе, к. Теҳрон 21 Дш–Шб, 8:00–18:00

Лоиҳаи рушди соҳибкории хурд: Аз идея то натиҷа

15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкорӣ – 2026 дар Тоҷикистон чорабинии канорӣ «Лоиҳаи рушди соҳибкории хурд: Аз идея то натиҷа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута ва роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Йошимаса Такемура иштирок намуданд.

Роҳбари лоиҳа Юҷи Макимото натиҷаҳои асосии лоиҳаро муаррифӣ карда, иштирокчиёни барнома Тахмина Саломова ва Зебо Худоӣқулова таҷрибаи худро дар рушди соҳибкорӣ мубодила намуданд. Ҳамчунин, ба соҳибкорони муваффақи барнома шаҳодатномаҳои грантӣ супорида шуданд.

Дар суханронии ҷамъбастӣ директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Ҳусниддин Шарофиддинзода аҳамияти дастгирии соҳибкории хурдро таъкид намуд.

Ҳамаи хабарҳо