Дилшод Ҷуразода

Директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”

Соҳибкор

Ноиби президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Ҳаммуассиси ширкати идоракунию сармоягузории “FIFTYFIVE GROUP”

Нозири Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ҶТ

Хайрхоҳ – Фонди Хайриявии Музаффар

Таҳсилот:

Муносибатҳои байналмилалӣ – ДСРТ (РТСУ)

Ҳуқуқшинос – ДМТ

Дар бораи худ:

Ман ҳаммуассиси гуруҳи ширкатҳои FIFTYFIVE GROUP ҳастам. Сармоягузор. Бизнес-ангел.

Барои ман муҳим аст, ки дар ҳама гуна вазъият устувор бошам. Хислатҳои инсонӣ, аз қабили меҳрубонӣ, ақл, нерӯ ва харизмаро бештар қадр мекунам.

Бароям ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангиву таърихии халқамон бисёр муҳим аст. Таърихро фаҳмида, дарк мекунед, ки шумо пешбарандаи ҷузъи фарҳанги тоҷикӣ ҳастед. Эҳтиром ба анъанаҳо, бузургон, забон. Системаи арзишҳои ман, албатта, динро низ дар бар мегирад.

Арзиши дигар  – виҷдон аст. Як иборае, ки ба ман маъқул аст: “Виҷдон дошта бош ва он чиро, ки мехоҳӣ бикун”.

Ман бо орзуҳоям зиндагӣ мекунам – ин муҳаррики асосии ман аст,ки ба ман ангеза мебахшад. Ҳаётро ҳамон тавре ки ҳаст, дӯст медорам ва рӯз аз рӯз ман ӯро бештару бештар дӯст медорам.

Варзишро дӯст медорам. Аз кӯдакӣ ба онн машғулам ва дастовардҳо низ дорам. Самти фаъолияти ҷамъиятӣ низ дорам ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳастам.

Ман оши палов ва ҳама чизеро, ки модарам мепазад, дӯст медорам.

Ман шахси хушбахт ҳастам. Ба наздикӣ фаҳмидам, ки барои хушбахт шудан ба ҳадафи муайян ноил шудан шарт нест. Дар асл, ҳар рӯз хушбахтӣ ҳаст. Мехоҳам фалсафаи зебоии ҷопонии “ваби-саби”- ро едовар шавам. “Аз ҳама чизҳои зеботарину пурарзиштарин дар чизҳои хурд аст”. Боз як калимаи тоҷикии “Хотири ҷамъ” вуҷуд дорад. Ин маънои саодати ахлоқӣ, ибодат ва файзро дорад. Ин ҳолати хушбахтӣ аст.

Дар бораи принсипҳои ҳаёт

Ман дар калимаи “принсип” маҳдудиятҳоро мебинам. Принсипнок будан, на ҳамеша самаранок аст. Ин сифати муҳими дигареро норӯшан мекунад – чандирӣ(гибкость) . Аммо агар дар бораи қоидаҳо ва нуқтаи назари ман нисбат ба ҳаёт сухан ронем, ростқавлӣ ва беозорӣ бароям муҳим аст. Фазил Искандар мегуфт:”Беозорӣ қаҳрамониро муайян намекунад, вай ширкат накардан дар корҳои бадро дар назар дорад”. Ба ман фалсафа наздик аст, ки марди ҳақиқиро мавқеи шаҳрвандияш муайян мекунад. Ман боварӣ дорам, ки барои муваффақ шудан ба шахс, ӯ бояд ҳамаҷониба бошад ва дар ҳолати бисёрҷониба кор кунад. Ман тарафдори як самт нестам. Ҳама корро бояд тонист. Ба забони шеваи тоҷикӣ онро “Ҳаматарафа”меноманд.

Ман қаблан ягон хатогиро дардовар медонистам. Аммо ба шарофати тиҷорат ман фаҳмидам, ки нокомӣ ин як қисми муваффақияти бузург аст. Бояд дарк кард, ки ин на танҳо хуб аст, балки ҳатто баъзан муфид аст. Қариб ҳама гуна мушкилотро ҳал кардан мумкин аст.

Дар бораи фаъолият

Ман таҳсилоти махсуси соҳибкориро нагирифтаам. Ҳама лоиҳаҳоро аз сифр сохта, сармоя ба лоиҳаҳо ҷалб накардам. Лекин дар ман хоҳиши зиёди муваффақ шудан буд, ки тавассути меҳнатдӯстӣ ва кӯшишҳои зиёд ноил гардидам. Ҳама чиз  аз фурӯши ашёҳо ба ҳамсинфонам оғоз ёфт. Ман ягон чиз аз бозор харида, ба рафиқонам гаронтар мефурӯхтам. Баъдтар аз он ман бисер лоиҳаҳои гуногун доштам. Вақте ки самтҳои тиҷорат аз ҳад зиед шуданд, ман ва шарикон як ширкати идоракунию сармоягузории FIFTYFIVE GROUP -ро таъсис додем. Имрӯз он дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Русия, Чин ва АМА фаъолият намуда истодааст. Самтҳои асосӣ: варзиш, хӯрокворӣ, молия, авиатсия, сайеҳӣ, либоса, инноватсия ва технология мебошад. Дар маҷмӯъ, мо тақрибан 15 лоиҳа дорем. Мо ба рушди онҳо ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои молиявӣ мусоидат мекунем. Мо инчунин стартапҳоро дастгирӣ мекунем, ба лоиҳаҳои ҷолиб сармоягузорӣ мекунем. Ҳадафи FIFTYFIVE GROUP эҷод кардани дастаи мутахассисон оид ба татбиқи худ тавассути тиҷорат мебошад. Мо мехоҳем, ки одамони беҳтаринро ҷамъ оварем ва ба онҳо имконият диҳем, ки якҷоя рушд кунанд. Яке аз лоиҳаҳои минтақавӣ STARTUPSTAN мебошад. Ин платформа барои ҳамкории стартапҳо ва сармоягузорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ба шарофати ин, соҳибкорони ҷавон метавонанд ба сатҳи байналмилалӣ расанд. Мо инчунин Фонди хайриявии Музаффар дорем.

Рисолати ҳаётии ман – рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аст. Мехоҳам лоиҳаҳои бузургро бо рамзи тоҷикӣ дар кишварҳои гуногун амалӣ намоям.

Ҷоизаҳо ва номинатсияҳо:

Ба қатори 10 соҳибкори муваффақи тоҷик дохил шудам.